«Global Money Week» – “Ҳафтаи умумиҷаҳонии пул”

ҶСП ТАҚХ “Ардо-капитал” бо мақсади иштироки фаъолона дар доираи Лоиҳаи баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ ва гузаронидани ҳафтаи саводнокии молиявии Global Money Week, дар мавзӯи асосҳои саводнокии молиявӣ дар идораи ташкилот, дар ш.Душанбе барои кудакони синни томактабӣ ва хонандагони мактаб дар якҷоягӣ бо волидони онҳо семинар гузаронид. Дар шаҳри Хуҷанд, чунин семинар барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва хонандагони синфҳои болоии мактабҳо баргузор гардид. Бояд қайд намуд, ки донишҷӯён ва хонандагон ба истифодаи фаъолонаи маҳсулоти молиявӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд. Сарфи назар аз синни ҷавонии худ, донишҷӯён ва хонандагон, нақши ташкилотҳои қарзӣ, намудҳои маҳсулот ва хизматрасонии онҳо, инчунин роҳҳои банақшагирии буҷети оилавиро фаъолона муҳокима карданд. Чорабинии мазкур дар доираи дарҳои кушодаи ҶСП ТАҚХ “Ардо-капитал” баргузор гардид ва бо иштироки кӯдакон барои ҳозирин лоиҳаи “Бонки кӯдакон”, “Ҳамёни мобилӣ” ва “Сармоягузории хориҷӣ” пешниҳод карда шуд.

Post comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *